ЯХМАНАК, яхбандак, яхак, (Cerasus tomentosa), як навъ буттаи мевадорест аз оилаи настараниҳо то 4 м қад мекашад. Навдаҳояш серпатанд. Баргаш байзашакл (дарозиаш то 5 см, бараш 2,5 см), дандонадор, пушташ серпат. Шукуфааш гулобӣ (диаметраш то 2 см). Мевааш сурх, мудаввар ё байзашакл, таъмаш нордон, донакаш нағз ҷудо мешавад. Март — апр. гул мекунад, мевааш миёнаҳои июль мепазад.
Я. дар Япония, Хитои Шим. Ғарбӣ ва Ҳимолой фаровон аст. Яхманакпарварӣ дар ноҳияҳои Осиёи Шарқӣ вусъат ёфтааст. Оид ба нашъунамои Я. дар Помири Ғарбӣ аввалин бор набототшиноси рус С. И. Коржи некий (1896) маълумот додааст. Тахмин мекунанд, ки Я.-ро ба ин ҷойҳо дар замонҳои хеле қадим овардаанд. Ҳоло он дар Шуғнон, водии Язғулом ва ғ. хуб нуму меёбад. Я-ро чун буттаи ороишӣ ва мевадор дар бисьёр ноҳияҳои республикаамон мепарваранд. Таъм ва сифати мевааш хуб аст; то 14% қанд ва то 26,6 мг% витамипн С дорад.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 4. Л., 1975; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л., 1978.