ХУТБА (ар. — хитоб, суханронӣ), таблиғест, ки ба воситаи хатиб баён мешавад. Он дар маросимҳои динии ислом мақоми хос дорад. Барои таблиғу таҳкими дин воситаи муҳиме буда, ба диндорон таъсири зиёде мерасонад. Дар ислом Xутба ҳар ҳафта дар намози ҷумъа ва дар идҳои рамазон, қурбон, ҳангоми гирифтани Офтоб, наборидани борон ва ғ. хонда мешавад. Дар дар чаҳор масҷиди ислом шартҳои муайяне барои Xутба ва навъҳои иҷрои он вуҷуд дорад. Мас., хатиб бояд Хутбаро бо ҳамди оллоҳ, салавот ба пайғамбар, ситоиш ҳокими замон ва дуо барои мўъминон оғоз намояд ва сипас оёте аз Қуръон хонда, баъд ба баёни матлаб пардозад. Дар мадрасаҳои исломӣ ба хитоба, санъати баён ва нотиқи диққати махсус медоданд ва хутбахонӣ ба як навъ санъату ҳунаре табдил ёфта буд. Xутба маъмулан бо насри мусаҷҷаъ омехта ва бо ашъор хонда мешуд.
Xутба на танҳо таблиғи масъалаҳои динӣ, балки ахлоқӣ, сиёсӣ, умури ҳаётӣ ва тадбири зиндагиро вобаста ба талаботи ҳаёти рўзмарра дар бар мегирифт. Ҳоло Xутба дар бисёр мамлакатҳои исломӣ ҳамчун маросими динӣ ба мақсадҳои сиёсӣ низ истифода мешавад. Ш. Абдуллоев.