ХУРШЕДӢ (с. тав. ва ваф.номаълум), шоир ва адиби форс-тоҷик (асри 11). Илмҳои расмии даври худ, махсусан, улуми адабиро ба хубӣ фаро гирифта буд. Аз осораш абёти пароканда боқӣ мондааст. Байти зерини ӯ дар «Ал-мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ омадааст:
То кай гирйӣ зи ишқу то кай нолӣ?
Суд надорад гиристан, чӣ сиголӣ?
Xуршедӣ ба асари адабиётшиносии Маншурии Самарқандӣ — «Канз-ул-ғароиб» шарҳ навишта будааст.