УТБИИ КОТИБ Муҳаммад ибни Усмон (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Асарҳои зиёде таълиф кардааст, ки «Базморои Фахрӣ» яке аз онҳост. Ба қавли Авфӣ, Утбии Котиб дар ин китоб «дар бадоеи ташбеҳот ва равоии авсоф доди фазл додааст». Ашъори ӯ аа қасида, ғазал ва рубоӣ иборат аст. Рубоиёташ дар тавсифи асбобҳои мусиқист (камонча, барбат, чанг ва ғайра). Камончаро чунин васф мекунад:
Сояи ту чу нуну миме омад ба мисол
В-ин қомати чун алиф аз он ҳарду чу дол.
Хуршед чу ту набинад андар як ҳол,
Як даст гирифта бадру як даст ҳилол.
Адабиёт:
С.Воҳидов
Tags шоир
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …