Маълумоти охирин
Главная / Илм / УСЛУБШИНОСӢ

УСЛУБШИНОСӢ

УСЛУБШИНОСӢ, як шохаи филология, ки системаи услубҳои (нигаред Услуб) забон ва қонунияти истифодаи воситаҳои баёнро меомӯзад. Услубшиносӣ бо грамматикаи нормативӣ, лексикология, фразеология, орфоэпия робитаи қавӣ дорад, вале аз ҷиҳати вазифа ва усули тадқиқ аз онҳо фарқ мекунад. Услубшиносӣ аҳамияти амалӣ дорад: вай маҳорати суханвариро омӯзонда, ба забон оқилона муносибат кардани аҳли ҷамъиятро талқин менамолд. Мавзӯи баҳси Услубшиносӣ забон ва нутқ буда, ба масъалаи «забон ва ҷамъият» ва проблемаи сосиолингвистика бештар тамоюл дорад.
Таҳқиқи нормаҳон услубии забони адабӣ дар давраҳои гунотуни инкишофи таърихии он вазифаи Услубшиносии таърихнст. Дар он на танҳо тағйироти ягон услуб, тобишҳои услубии унсурҳои гуногуни забон, балки таърихи системаи услубҳо, ташаккул ва инкишофи услубҳои гуногуни забон ва таърихи таъсири мутақобили онҳо муайяи мешавад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои Услубшиносии таърихӣ таҳлили муносибати забони адабии китобӣ (хаттӣ) ба забони адабии умумихалқӣ ва гуфтутӯист. Бо ин роҳ робитаи таърихи забони адабӣ ва таърихи адабиёт, хусусиятҳои забонии сабкҳои адабиёти форс-тоҷик (сабки хуросонӣ, сабки ироқӣ, сабки ҳиндӣ), ҷараёнҳои адабӣ — классисизм, романтизм, сентиментализм, маорифпарварӣ, реализм ва ғайраро муқаррар кардан мумкин аст. Услубшиносии забони адабии ҳозира вазъи имрӯзаи системаи услубҳои забони адабӣ, хусусиятҳои услубии материали забон, нормаҳои сохта шудани матнҳоро муайян мекунад.

book-1
Услубшиносӣ ба се шохаи ба ҳам наздик — услуби забои, услуби нутқ ва услуби адабиоти бадеӣ тақсим мешавад. Услуби забон услубҳои функсионали — услуби гуфтугӯӣ, илмӣ, расмии коргузорӣ, публисистӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Услуби нутқ аз муайян кардани фарқҳои маъноӣ, муассири ва услубии жанрҳои гуногуни нутқи хатти ва шифоҳӣ дар амалия ва фаъолияти ҷамъиятии одамон (дар маърӯза, лекция, сӯҳбату гузоришот ва баҳсу мунозираҳо) иборат аст. Услуби нутқ ба услуби забон асос меёбад. Услуби адабиёти бадеӣ маҷмӯи услубҳои адабиёти бадеӣ, инчунин услуби фардии нависанда ва услуби хоси ҷараёнҳои адабиро фаро мегирад. Он дар байни услубҳои дигари нутқ мавқеъ ва эътибори махсус дошта, аҳамияти бузурги адабиёти бадеиро дар ҳаёти маданӣ ва мақоми аввалиндараҷаи онро дар таъин намудани нормаи забони адабӣ муайян мекунад.
Дар илм ҳоло ду усули омӯзиши забон ва услуби адабиёти бадеӣ ҷорист: аввалан, муҳаққиқ системаи воситаҳои нутқро, ки муаллиф аз забони умумихалқӣ интихоб кардааст, муқаррар менамояд. Дар инҳол забони асари бадеӣ бо шохаҳои гуногуни забони миллӣ (адабӣ ва гуфтугӯӣ) муқоиса мешавад. Сониян, услубшинос воситаҳои баёнро ба сифати як воситаи офаридани асари бадеӣ аз назар мегузаронад. Дар ин маврид забон бо композисия ва мундариҷди асар пайваста омӯхта шуда, мутобиқати вазифаи коммуникативи ва эстетикии он муайян мегардад. Услубшиносии амалӣ низ ҳаст, кӣ ҷиҳатҳои нормативии забони адабӣ ва маҳорати суханвариро меомӯзад. Услубшиносии амалӣ роҳҳои бамаврид истифода бурдани имкониятҳои забонро нишон медиҳад ва бо маданияти сухан робита дорад.
Унсурҳои Услубшиносӣ дар замони атиқа ба миён омада, дар асрҳои миёна инкпшоф ёфтаанд.
Дар таърихи забон ва адабиёти тоҷик асарҳои бевосита ба услубшиносӣ дахлдор ба миён наомадаанд, вале дар таркиби асарҳои оид ба забон (фарҳангҳо, сарфу наҳв), адабиётшиносӣ (илми бадеъ, шарҳ, тафсир) ва таълифоти оид ба иншо баъзе масъалаҳои услубшиносӣ ба миён гузошта шудаанд.
Аз ҷумла асарҳои Муҳаммад Умари Родуёнӣ «Тарҷумон-ул-балоғат» (асри 11), Шамси Қайси Розӣ «Ал-Мӯъҷамфӣ маоири ашъор-ил-Аҷам» (асри 13) ва ғайра баъзе масъалаҳои услубшиносиро дар бар мегиранд.
Дар забоншиносин имрӯзаи тоҷик услуби адабиёти бадеӣ каму беш тадқиқ шудааст. Аввалин муҳаққиқи ин соҳа С. Айнӣ буд. Таҳлили забони осори нависандагони тоҷик С. Айнӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил ва дигарон дар таълифоти Н. Маъсумӣ, М. Шукуров, Р. Ғаффоров, X. Ҳусейнов, Б. Камолиддннов ва дигарон сурат гирифтааст.
Адабиёт: Маъсумӣ Н., Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1959; Ғаффоров Р., Забон ва услуби Раҳим Ҷалил, Душанбе, 1966; ҳамон муаллиф, Нависанда ва забон, Душанбе, 1977; Камолиддинов Б. Забон ва услуби Ҳаким Карим, Душанбе, 1967; ҳамон муаллиф, Услубшиносӣ, Душанбе, 1973; Ҳусейнов X., Забон ва услуби «Одина»-и устод С. Айнӣ, Душанбе, 1973; Шукуров М., Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад, Душанбе, 1985. Р. Ғаффоров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …