ТУНУКА, тахтапӯлоди пухтаи ғафсиаш 0,08—0,32 мм-ро гуянд, ки бо усули прокати хунук тайёр мешавад. Барои занг назаданаш ба он ҳар хел лок мемоланд.
Тунукаи бо қалъагӣ андудашударо тунукаи сафед мегӯянд. Дар СССР варақаҳои тунукаи андозааш 512—1000x 712—1200 мм ҳамчун рулонҳои бараш то 1 м ва массаи то 15 т истеҳсол мешаванд. Тунукаро асосан барои сохтани қуттиҳои консерв истифода мебаранд.