ТОРТАНАККАНА (Теtranuchidae), ҷонвари хурди бандпоест, ки ба зироати хоҷагии қишлоқ, махсусан пахта зарари калон мерасонад. Тортанаккана баргу пояи растаниро бо тори худ печюнида, шираи ҳуҷайраҳоро мемакад; дар натиҷа дар рӯи баргҳо доғҳои сурх пайдо мешаванд, баъд баргҳо сибҳу хушк шуда, пеш аз вақт мереаанд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 30 намуди Тортанаккана маълум аст. Махсусан Тортанакканаи туркистонӣ (Теtranychus turkesnani, нигаред расм) барои пахта хавфнок аст.
Рангаш сабзи сиёҳтоб ё зарди тира. Дарозии модинаи Тортанаккана 0,4—0,5 мм ва наринааш 0Д—0,3 мм. Тортанаккана 4 ҷуфт пой (кирминааш 3 ҷуфт) дорад. Беш аз 100 дона тухм мегузорад (баъди 6 ё 7 рӯзи тобистон Тортанакканаи болиғ мешаванд). Модинаи Тортанаккана андаряк 9—11рӯз ва наркиааш 4,5 5,5 рӯз умр мебинанд. Вай дар пахтазор моҳҳоя май — аввали июн бештар (рӯзе 5—6 дода), август камтар (рӯзе 0,5—1,6 дона) ва сентябр бештар тухм (рӯзе андаряк 1—2 дона) мегузорад. Тортанаккана ҳамахӯр аст. Онро дар бисёр растаниҳо (беш аз 100 намуд) мушоҳида кардаанд. Алафҳои бегона барои бисёгр шудани Тортанаккана дар пахтазор мусоидат мекунанд. Тортанакканаро бисёр ҳашарот, аз ҷумла трилс, трифлепс, стеторус, тиллочашмак ва ғайра мехӯранд. Бар зидди Тортанаккана акарисидҳо мепошанд. И. Я. Линдт.