ТОЛБУХИН Фёдор Иванович (16. 6- 1894—17. 10. 1949), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1944), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1965). Аъзои КПСС аз соли 1938. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) сардори штаби фронтҳои Закавказия, Кавказ ва Қрим, фармондеҳи армияҳои 57 ва 68-ум, фронтҳои Ҷануб, 4-ум ва 3-юми Украина буд. Солҳои 1945—47 сарфармондеҳи гурӯҳи қӯшунҳои Ҷануб, 1947—49 фармондеҳи қӯшунҳои Округи ҳарбии Закавказия. Депутати Совети Олии СССР (аз соли 1946). Бо 2 ордени Ленин, 9 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.