Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИМИРЯЗЕВ Климент Аркадевич

ТИМИРЯЗЕВ Климент Аркадевич

timiryazev

ТИМИРЯЗЕВ Климент Аркадевич (3. 6. 1843, Петербург —28. 4. 1920, Москва). табиатшиноси-дарвинист, яке аз асосгузорони мактаби илмии рус дар соҳаи физиологияи растаниҳо, аъзокоррспонденти Академияи Фанҳои Россия (аъзо-коррспонтенти Академияи Фанҳои Петербург аз 1890). Профессор Академияи зироат ва ҷангалшиносӣ (1871—92, ҳозира Академияи хоҷагии қишлоқи Москва ба номи К. А. Тимирязев) ва Университети Москва (1878—1911). Соли 1911 зимни эътироз ба муқобили таъқиби студентон университетро тарк кард. Депутати Совети депутатҳои Москва (1920). Дар ташаккули ҷаҳонбинии Тимирязев ақидаҳои материалистию фалсафии А. И. Герцен, Н. Г. Чернышевский, асарҳои Д. И. Менделеев, В. О. Ковалевский ва А. О. Новалевский, И. И. Мечников ва махсусан И. М. Сеченов ва Ч. Дарвин таъсири калон доштаанд. Соли 1868 Тимирязев бо таклифи А. Н. Бекетов ба хориҷа (Германия, Франция) фиристода шуд ва 2 сол дар лабораторияҳои олимони номи—Г. Кирхгоф, Г. Гелмголц,Р. Бупзен, П. Бертло, Ж. Буссенго, К. Бернар, В. Гофмейстер кор кард.
Соли 1917 баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр ба Тимирязев аз нав ҳуқуқи профессори Университети Москва дода шуд, вале аз сабаби касалӣ дар кафедра кор карда натавонист. Тадқиқоти асоиии Тимирязев ба омӯзиши процесси фотосинтез оиданд. Тимирязев масъалаи ба интенсивияти рӯшноӣ ва таркиби спектрии он вобасга будани фотосинтезро ошкор карда, исбот намуд, ки растаниҳо карбони гази карбонати ҳаворо аз ҳисоби энергияи шуоъи офтоб (асосан нурҳои сурх ва кабуд, ки хлорофилл пурра фурӯ мебарад) аз худ (ассимиллция) мекунанд. У анвалин шуда фикре баён намуд, ки хлорофилл дар процеоси фотосинтез на фақат аз ҷиҳати физики, балки аз ҷиҳати химиявӣ низ иштирок мекунад. Тимирязев ба процесси фотосинтез татбиқшаванда будани қонуни бақои энергия ва қонуни якуми фотохимияро ба роҳи таҷрибавӣ исбот намуд.
Тимирязев яке аз аввалин тарғиботчиёни дарвинизм дар Россия мебошад. Дар Москва ҳайкали ёдгорӣ ва хона музеи Тимирязев мавҷуданд. Академияи хоҷагии қишлоқи Москва. Институти физиологияи растаниҳои Академияи Фанҳои СССР ва яке аз районҳои Москва номи Тимирязевро доранд. Академияи Фанҳои СССР мукофоти ба номи Тимирязев таъсис намуд, ки барои тадқиқоти беҳтарин дар соҳаи физиологияи раставиҳо дар ҳар се сол як маротиба супорида мешавад. Тимирязев аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (1911), доктори фахрии Университетҳои Глазго (1901), Кембриҷ (1909) ва Женева (1909), аъзо-коррспонденти Ҷамъияти ботаникии Эдинбург (1911) ва аъзои фахрии бисьёр университеттҳои Россия ва ҷамъиятҳои илмӣ буд.
Аадиёт: Сочинения, том 1—10, Москва, 1937—40.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …