ТИЛАВОВ Бозор (таваллуд 25. 2. 1932, Панҷакент), фольклоршиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1975). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1955. Шӯъбаи тарҷумаи бадени факултети таъриху филологияи Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1956). Муаллими Университети Давлатии Тоҷикистон (1956—58) буд.
Ходими хурди илмӣ (1961—63) ва ходими калони илмии шӯъбаи фолклор (1964—68), ҷонишини директор (1969—70), ходими калони илмии шӯъбаи фолклор (1970—86) ва аз соли 1986 сарходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. Муҳимтарин таълифоташ китобҳои «Поэтикаи зарбулмасал ва мақолҳои халқии тоҷикӣ» (1967), «Репертуари имрӯзаи зарбулмасалҳои халқи тоҷик» (1974) буда, дар ин мавзӯъҳо диссертасияҳоӣ номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардааст. Ӯ инчунин мураттиби маҷмӯаҳои «Суханҳои дилафрӯз» (1973) аз «Зарбӯлмасалҳои машҳур» (1983) мебошад. Дар ин асарҳо қонуният ва хусусияти жанрҳои афористии фолклори тоҷик тадқиқ шудаанд, ки аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ доранд. Тилавов муллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ ва публисистӣ аст, ки аз онҳо 8-тоаш дар журнали байналхалқии «Провербиум» («Рroverbium», шаҳри Хелсинки) нашр шудааст. Дар мақолаҳои ӯ масъалаҳои мӯхталифи филологияи таҷик тадқиқ шудаанд ва бо забонҳои халқҳои СССР, хориҷӣ интишор ёфтаанд.
Тилавов яке аз тартибдиҳандагони «Куллиёти зарбулмасалҳои тоҷик» (иборат аз 5 ҷилд) аст, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ ва англисӣ нашр шудаанд. Яке аз муҳаррирони масъули «Куллиёти фолклори тоҷик», «Луғати русӣ-тоҷикӣ» ва «Луғати тафсирии забони адабии ҳозираи тоҷик» мебошад. Дар тарҷумаи тоҷикии асарҳои В. И. Ленин (ҷилдҳои 15 —18) иштирок кардааст. Н. Азимов.
Tags фольклоршинос
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …