Маълумоти охирин

ТИБИТ

ТИБИТ, 1) як навъ пари парранда ва тори маҳини пашми ҳайвоноти ширхор, ки барои танзими гармии бадани ҳайвонот хизмат мекунад. Тибити паррандаҳои болиғ одатан дар зери парҳо, вале дар баъзеашон (масалан, калмурғ) дар сару гардан (дар берун) мебарояд. Баъзе паррандаҳо (масалан, пинггвинҳо) Тибит надоранд. Тибитро ба болишт меандозанд, инчунин барои гарм кардани сару либос ба кор мебаранд. Тибити сафеди мурғобиҳо (махсусан гага) қиматбаҳост.
Тибити гӯсфанд, буз, шутур, харгӯш, ҳайвоноти мӯинадор ниҳоят нарм мешавад. Тибити ҳайвонот одатан пашмаки маҳин аст. Тамоми пашми бадани гӯсфандҳои маҳинпашм, бузҳои зоти тибитдор ва харгӯшҳо нахи тибитӣ мебошад. Аз Тибити гӯсфанд (борикиаш 15 —25 мкм) ресмони аз ҳама борику мустаҳкам бофта, матоъҳои беҳтарини пашмин, аз Тибити буз асосан рӯймол, аз Тибити шутуру харгӯш бошад, матоъҳои трикотажӣ мебофанд, Нигаред низ Пашм.
2) Тибити пахта ё линт пахи (пати) кӯтоҳест, ки баъд аз ҷудо карда гирифтани пахта дар чигит мемонад. Миқдори линт 4—8% вазни чигитро ташкил медиҳад. Линти чигитро баъди гирифтани нах ҷудо мекунанд ва ҳамчун ашёп хом барои истеҳсоли пахта, пахи сунъӣ, лок, плёнкаҳо, моддаҳои тарканда ва ғайра истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …