ТЕОДОЛИТ, асбоби геодезист барои чен кардани кунҷҳои уфуқӣ (горизонталӣ), амудӣ (вертикалӣ) ва муайян намудани самтҳо ҳангоми суратгириҳои топографӣ, геодезӣ ва маркшейдерӣ. Асоси теодолитро доираҳои горизонталӣ ва вертикалие ташкил медиҳанд, ки дорои тақсимоти дараҷавидан.
Теодолит бештар бо олоти гуногун (ориентир — буссол, маркаи визирӣ, масофасанҷи оптикӣ ва ғайра) ҷиҳозонида мешавад. Теодолитҳо аз рӯи таъинот махсус (геодезӣ, кӯҳкорӣ, бинокорӣ, артиллерӣ ва ғайра), аз рӯи андозаҳои лимби (калон, миёна, хурд), аз рӯи тарзи пайвасти лимб поядор (оддӣ, такроршаванда ва бо лимби гардишхӯранда), металлӣ ва оптикӣ мешаванд. Дар СССР Теодолитҳои оптикие месозанд, ки ҳангоми ченкунии кунҷҳои горизонталӣ қимати миёнаи хатоии квадратӣ аз 0,5″ (дар Теодолити фавқуланик)то 30° (дар Теодолити техникӣ)-ро ташкил медиҳанд.