ТЕНАР (Тhenard) Луи Жак (4. 5. 1777, Ла-Луртьер, назди шаҳри Ножансюр-Сен —20. 6. 1857, Пориж), химики франсавӣ, аъзои Академияи Фанҳои Париж (1810). Профессори Колеж де Франс (1804—40), профессори Университет ва Мактаби политехникии Париж (асри 1810). Тенар бо ҳамкории Ж. Гей-Люссак усули истеҳсоли калий ва натрийро бо роҳи барқароркунӣ кор карда барамад, ӯ ҳамнунин ба ангидриди бор бо калий таъсир расонда, борро истеҳсол кард (1808) ва таъсири рӯшноиро ба реакцияи байни хлору гидроген ошнор намуд (1809). Тенар усули таҳлили моддаҳои органикиро пешниҳод кард (1810) ва пероксиди гидрогенро кашф намуд (1818). Аъзои фахрии Академияи Фахрии Петербург (1826).