Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚИИ КОНИБОДОМ ба номи Т. Фозилова

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚИИ КОНИБОДОМ ба номи Т. Фозилова

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚИИ КОНИБОДОМ ба номи Т. Фозилова коллективи эҷодӣ, яке аз кӯҳнатарии театрҳои байнирайонии республика аст, ки соли 1930 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъат (соли 1919 дар назди шӯъбаи маорифи халқ ташкил ёфта буд) таъсис шуд. Соли 1931 театр «Ҳалима»-и Ғ. Зафариро ба саҳна гузошт. Пас аз пайдоиши театри касби асарҳои зерин ба саҳна гузошта шуданд: «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ҳамза, «Гулсара»-и К Яшин, «Ғолибият»-н Р. Ҷалил, «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ (дар асоси романи С. Айнӣ), «Комсомолон»-и М. Саидов, « Арш ин -мололон“ – и У. Ҳоҷибоков ва ғайра. Дар ташкили театр ҳиссаи мусиқинавоз Н. Азимов калон аст.

kanibadam

Дар кори ба саҳнагузорӣ ва таҳияи спектаклҳои аввалин артистони театр Б. Неъматов, М. Ғаффоров, Ҳ. Қосимов фаъолона иштирок доштанд. Барои равнақи эҷодии коллектив ҳиссаи режиссёрони театр Р. Розиқов ва С. Холматов зиёд аст. Артисти Халқии СССР Тӯҳфа Фозилова, Артистони Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Латофат Орифова, Кимсан Маҳкамов ва дигарон роҳи эҷодии худро аз саҳнаи ҳамин театр оғоз намудаанд. Дар театр артистони номи ба монандн Ш. Қодирова, Т. Орифова, С. Ашӯрова, К. Дӯстматова, Ш. Каримова, Б. Ҷӯраев, Г. Шодиев, А. Неъматов ва ғайра ба камол расидаанд. Ҳоло (1986) дар театр баробари артистони кӯҳансол М.Қодиров ва М. Эргашева, Артистони Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон И. Муҳаммадҷонова, Д. Баҳромова ва артистони бомаҳорат Б. Содиқов, А. Аҳмадов, М. Мухторов, X. Шарипов, режиссёр С. Холиқов ва дигарон кор мекутанд. Ренертуари театр бой ва рангин аст: «Орият»-и М. Ҳалимова, «Тӯҳфа», «Виҷдон»-и Ҳоҷӣ Содиқ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Суруди кӯҳсорон»-и Ғ. Абдулло, «Сирри дилҳо»-и Д. Раҳмонов, («Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев, «Ишқи араб»-и. П. Меркме ва ғайра. Аз соли 1977 саррежисёри театр М. Ҳайдаров аст. Коллективи эҷодии театр бисёр вақт ба шаҳру районҳои ҳамсоя, колхозу совхозҳо бо спектаклҳои нав ва программаҳои концертӣ сафари ҳунарӣ мекунад.

Адабиёт: Нурджанов Н. X. Истории таджикского советстского театра, Душанбе, 1987. Н. Исламов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …