ТАРЗИ СОТСИАЛИСТИИ ҲАЁТ, баъди ғалабаи революсияи сотсиалистӣ дар рафти сохтмони сотсиализм ва инкишофи он ба вуҷуд меояд. Ҷиҳатҳои хоси тарзи сотсиалистии ҳаёт: ҳукмрон будани моликияти ҷамъиятӣ, ягонагии манфиатҳои синфи коргар, деҳқонон ва интеллигенсия, ҳамаи халқияту миллатҳо. Принсипи аз ҳама муҳимми сотсиализм ҳуқуқ ба меҳнат ва адои ҳаққи одилонаи он мебошад; меҳнат меъёри шараф ва манзилати инсон, мавқеи ӯ дар ҷамъият аст.
Хусусияти муҳимми тарзи сотиалистии ҳаёт фондҳои инкишофёбандаи талаботи ҷамъиятӣ (системаҳои бепули маълумоти миёна ва олӣ, нигаҳдории тандурустӣ, истифодаи сарватҳои маънавӣ ва ғайра) мебошад, ки ба баробарии шароити инкишофи одамон мусоидат мекунад. Тарзи сотсиалистии ҳаёт баланд шудани некӯаҳволии модӣ ва инктшофи талаботи маънавии ҳар фарди ҷамъиятро ба ҳам мепайвандад, ба барқароршавии оптимизми иҷтимоӣ, боварӣ ба оянда, нормаҳои наву қадрият (коллективизм, гуманизм, интернасионализм) ёрӣ мерасонад. Дар шароити тарзи сотсиалистии ҳаёт демократия такмил меёбад, иштироки оммаи васеи меҳнаткашон дар ҳаёти сиёсӣ, идораи корҳои давлатӣ ва ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ меафзояд.