ТАЪМИНОТИ ЭНЕРГИЯИ ЭЛЕКТР, маҷмӯи чорабиниҳост, барои бо энергияи электр таъмия намудани истеъмолкунандагони мухталиф (саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, хоҷагии шаҳр ва ғайра). Маҷмӯи иншооти инженериро, ки тавассути он таъминоти энергияи электр амалӣ мегардад, шабакаи таъминоти энергияи электр меноманд. Шабакаи таъминоти энергияи электр асосан манбаъҳои энергияи электр (масалан, станцияҳои электрии обӣ, ҳароратӣ ва атомӣ), станцияҳои электрии фаръии табдилӣ, таҷҳизот ва иншооти ёрирасони гуногунро дарбар мегирад. Сарфи назар аз он, ки дар аксари мамлакатҳои мутараққӣ принципҳои ташкили таъминоти энергияи электр як хеланд, вобаста ба андозаҳои ҳудуди мамлакат, шароитҳои иқлимӣ, дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва ғайра шабакаҳои таъминоти энергияи электр ҳар як мамлакат аз ҳам фарқ доранд.
Бузургии шиддати системаҳои таъминоти энергияи электр ба иқтидори энергияи электрии интиқолшаванда ва масофаи байни манбаю истеъмолкунанда вобаста аст. Дар СССР шкалан зерини шиддатҳо қабул шудааст: 6, 10, 20, 35, 110, 150, 220, 330, 500 кВ. Калонтарин корхонаҳои саноатиро бо анергияи электрии шиддаташ 500 кВ таъмин мекунанд (масалан Заводи алюминийи Тоҷикистон аз ҳамин қабил корхонаҳост). Энергшш электрии шиддаташ 110 ва 200 кВ-ро корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои шаҳр истеъмол мекунанд. Шабакаҳои манбавӣ ва тақсимкунандаи корхонаҳои миёнаи саноатӣ дар деҳот ва шаҳрҳон на онқадар калон энергияи электрии шиддаташ 35 кВ-ро истифода мебаранд. Таъминоти энергияи электр тавре тартиб медиҳанд, ки манбаи энергияи электри баландшиддат ҳарчи ба истеъмолкунанда наздик бошад ва миқдори зинаҳои қоммутасия ва трансформацияи мобайнӣ зиёд набошад. Боэътимодии таъминоти энерг2ияи электр ба боэътимодии истеъмолкунандагон (яъне ба дараҷаи талаботи бе шикасту рехт кор кардани онҳо) вобаста аст.
А. Мадусмонов.