Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕЗИСҲОИ АПРЕЛИИ В. И. ЛЕНИН

ТЕЗИСҲОИ АПРЕЛИИ В. И. ЛЕНИН

ТЕЗИСҲОИ АПРЕЛИИ В. И. ЛЕНИН, тезисҳои маърӯза «Дар бораи вазифаҳои пролетармат дар революцияи ҳозира», ки ба онҳо В. И. Ленин [ 4 (17) апрели 1917 дар Петроград баромад карда буд; ҳуҷҷати программавиест, ки плани мубориза барои ба револютсияи социалисти сабзида расидани револютсияи буржуазӣ-демократиро пешбинӣ мекард. Дар масъалаҳои сиёсӣ Тезисҳои апрелии В. И. Ленин шиорҳои «Ҳукумати муваққатӣ дастгирӣ карда нашавад!», «Тамоми ҳокимият ба Советҳо!»-ро ба миён гузоштанд; инчунин низомнома дар бораи Республикаи Советӣ—шакли давлатии диктатураи пролетариат, масъалаҳои ҷудо ва фош кардани партияҳои муросокор ва «мудофиачигии революционӣ»-и онҳо, аксариятро ишғол намудан дар Советҳо пешниҳод шуданд. Дар соҳаи иқтисодӣ Тезисҳои апрелии В. И. Ленин мусодира кардани ҳамаи заминҳои помешикон, миллӣ намудаии тамоми заминҳои мамлакат, дар як банки умумӣй муттаҳид кардани ҳамаи банкҳои мамлакат ва аз болои онҳо ҷорӣ намудани назорати Советҳои депутатҳои каргарон, назорати коргарӣ аз болон истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тақсимоти маҳсулотро пешбинӣ менамуд. Дар Тезисҳои апрелии В. И. Ленин роҳи пеш гирифтаи партия барои инкишофи осоиштаи революция дар шароити дуҳокимиятӣ асоснок карда шуд.
Вазифаҳои дохилипартиявӣ аз қабули программаи нави партия, Партияи коммунистӣ номидани он ва таъсиси Интериационали 3-юм (Коммунистӣ) иборат буданд. Тезисҳои апрелии В. И. Ленин барои қарорҳои Конференцияи ҳафтуми (апрелии) умумироссиягии РСДРП(б) (1917) асос шуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …