СИСТЕМАИ МАЖОРИТАРӢ (аз франсавӣ аксарият, қисми зиëд), дар ҳуқуқи давлатҳои буржуазӣ, системаи муайянкунии натиҷаи овоздиҳӣ дар интихоботи органҳои намояндагиро гуянд. Мувофиқи Системаи мажоритарӣ дар округи муайян шахси интихобшуда фақат номзаде буда метавонад, ки аксарияти овозҳои аз тарафи қонун муайяншударо ба даст оварад. Системаи мажоритарӣ дар аксарияти давлатҳои мутараққии капиталистӣ (ШМА, Англия, Канада, Франсия, Япония ва РФГ) истифода мешавад.