Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУХТАГӢ

СУХТАГӢ

СУХТАГӢ, аз таъсири ҳарорати баланд, моддаҳои химиявӣ (кислотаҳои колсегагранида, ишқорҳо, ҷараёни электр ва шуоафкании ионизонанда иллат ёфтали пӯст, пардаҳои луобӣ ва бофтаҳост. Дар СССР Сухтагиро ба 4 дараҷа ҷудо мекунанд: Сухтагии дараҷаи 1-ум —сурх шудан ва варам кардани ҷои Сухтагӣ; дараҷаи2-ю м — обила кардани ҷои Сухтагӣ; дараҷаи 3-юм — некрози пӯст (нобуд шудани бофтаҳо); дараҷаи 4-ум — сиёҳ шудани пӯст ва бофтаҳо (насҷ, мушакҳо, устухонҳо). Агар дар мавриди Сухтагии дараҷаи 1-ум 50%, Сухтагии дараҷаи 2-юм беттар аз 30% ва Сухтагии дараҷаи 3-юм қариб 30%-и сатҳи бадан иллат ёбад, Сухтаги барои ҳаёт хатарнок ҳисоб мешавад.

suxtagi
Ҳангоми аз таъсири кислотаҳо рӯй додани Сухтагӣ онро бо оби равон бисёр шуста, ба ҷои Сухтагӣ маҳлули 2%-аи сода молидан лозим; агар Сухтагӣ аз таъсири ишқорҳо пайдо шуда бошад, баъди бо оби равон шустан, маҳлули 2%-аи кислотаҳои ацетат ё борат ва ё маҳлули 0,5%-аи кислотаи лиму мемоланд. Дар мавриди аз таъсири ишқорҳо ё сирко сӯхтани сурхрӯда ва меъда бисёр шир ва об нӯшидан вадар вақти сӯхтаничашмҳо онҳоро бо об шустан лозим. Дар ин гуна ҳолатҳо баъдитадбирҳои мазкур шахоиазиятдидаро зуд ба муассисаитабобатӣбурдан зарур аст. Дар беморхонабабемор мояи зидди кузоз ва анатоксин мегузаронанд ва гирди ҷои Сухтагиро бо спирт тоза карда мебанданд. Ба ғайр аз ин пораҳои зерин меандешанд: хунгузаронӣ, истеъмоли антибиотикҳо, витаминҳо, доруҳои антигистаминӣ ва ғайра. Хӯроки ин қабил бемор бояд бақувват ва серфоида бошад. Либоси беморро зуд-зуд иваз кардан ва хонаро шамол додан лозим аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …