СУРӮШ Мирзо Муҳаммадалӣ (1813, Исфаҳон—1868, Теҳрон), шоири эронӣ. Қисмати асосии мероси адабии Сурӯш қасидаву маснавист. Дар ташбиби қасидаҳояш, ки ба сабки шоирони асрҳои 10—11 гуфта шудаанд, табиат хеле ҳунармандона тасвир ёфтааст. Маснавиҳои ӯ «Урдибиҳиштнома», «Соқинома» ва «Илҳомнома» (дар мавзӯоти мазҳабӣ) мебошаид. Сурӯш порчаҳои манзуми «Ҳазору як шаб»-ро барои тарҷумаи форсии Абдулатифи Тасуҷӣ аз арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст; инчунин мувофиқи тақозои рафти воқеот ба ин асар шеърҳои худ ва ё шоирони дигари форс-тоҷикро ҷой додааст. Ф. Наҷмонов.
Tags Шахсони машҳур шоир
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …