СУРМА (лотинӣ Stibium) Sb, элементи химиявии гурӯҳи V системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 51, массаи атомӣ 121,75. Металли сафеди нуқратоб. 2 изотопи собити табиии Сурма—121Sb (57,25%) ва 123Sb (42,75%) маълум аст; аз изотопҳои сунъиаш маъмултаринашон 122Sb (Т1/2 = 2,8 шабонарӯз), 124Sb (Т1/2 = 60,2 шаборӯз) ва 125Sb (Т1/2 = 2 сол) мебошанд.
Сурма аз қадимулайём маълум аст. Дар мамлакатҳои Шарқ тахминан 3000 сол то мелод, аз он зарф месохтанд; дар Мисри Қадим дар асри 19 то мелод хокаи табиии сурмаро (Sb2Sз) барои сиёҳ намудани абрувон истифода мебурданд. Дар Юнони Қадим Сурма чун Stime ва stibi маълум буд. Соли 1789 А. Лавуазье Сурмаро ба рӯйхати элементҳои химиявӣ дохил кард.
Сурма ба ҳисоби миёна 5-10–-5% массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Миқдори он дар магма ва биосфера кам аст. Дар табиат ба ғайр аз конҳои холиси Сурма конҳои Сурмаю симоб, Сурмаю сурб, тиллою Сурма, Сурмаю волфрам низ мавҷуданд. Зичиаш 6610— 6730 кг/м8, ( гуд. 630,50С, I ҷӯш. 1635— 164500. Сурма аз ҷиҳати химиявӣ он қадар фаъол нест. Аз пайвастҳои Сурма намакҳои камҳалшавандаи кислотаи стибиат (МеSbОз- ЗН2О; Ме — Na, К) аҳамияти амалӣ доранд.
Сурмаро аз консентрат ва ё маъданҳое, ки 20—60% Sb доранд. ҳосил мекунанд. Сурмаро дар шакли хӯла дар аккумуляторҳо, рӯйпӯш кардани кабелҳо, дар полиграфия ва ғайра кор мефармоянд. Изотопи радиоактиви 124Sb-ро дар манбаъҳои γ — шуоафканm ва нейтронҳо истифода мебаранд.