СТАВРОЛИТ (аз юнонӣ stauros — салиб ва Lithos- санг), минералест аз силикатҳо, таркиби химиявиаш Fе2Аl9[SiO4]4O7(OН). Аксар омехтаҳои Со, Ni (навъи люсакит) ва Мn (навъи нордмаркит) дорад. Сахтиаш 7—7,5; зичиаш қариб 3,7 г/cm3. Рангаш сурхи тира, бӯр, сиёҳи бӯргоб ва бӯри зардча. Кристаллҳои шаффофи Ставролит камёфт буда, онҳоро баъзан чун салги резакорӣ истифода мебаранд.