СТАТИСТИКА (немисӣ Statistik, аз италиявӣ stato — давлат), андӯхтан, тадқиқ, таҳлил ва интишори ахборест, ки қонунияти миқдории ҳаёти ҷамъияг (падидаҳои техникию иқтисодӣ, ҳодисаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ)-ро дар робита бо мундариҷаи сифатии онҳо ифода мевамояд.
Ба маънои маҳдуд Статистика— маҷмӯи маълумотест дар бораи зуҳуроти ягон ҳодиса ё ҷараён. Мафқуми «Статистика» дар номҳои табиатшиносӣ таҳлили падидаҳои қамагониеро ифода менамояд, ки ба татбиқи услубҳои назарияи эҳтимолият асос ёфтаанд. Статистика методологияи махсуси тадқиқ ва тақлили материалқо (мушоҳидаи ҳамагонии статистӣ, услуби ба гурӯҳҳо ҷудокунӣ, услубҳои бузургиҳои миёна ва индексҳо, услуби балансгирӣ, услуби тасвири графикӣ)-ро таҳия мекунад. Статистика ҳамчун илм фаслҳои зеринро дар бар мегирад: назарияи умумии С., статистикаи иҷтисодӣ, статистикаҳои соҳавӣ, статистикаи математикӣ, статистикаи санитарӣ, статистикаи судӣ ва ғайра. Статистикаи иҷтимоӣ низ ташаккул ёфта истодааст. Кӯшиши рӯпӯш кардани зиддиятҳои иҷтимоии капитализм ва обуранг додани тарзи ҳаёти меҳнаткашон хусусияти асосии Статистикаи буржуазист. Статистикаи давлатии советӣ ба методологияи марксистию ленинӣ асос ёфтааст.