СОНАТА (италиёӣ sonata аз sonare — овоз), яке аз жанрҳои асосии мусиқии камеравm ва инструменталист. Сонатаи мукаммали маъмул — асари силсилавии сеқисмаест, ки қисми аввалу охираш тез ва мобайнаш суст мебошад. Баъзан ба ин силсила менуэт ё скерцо низҳамроҳ мешавад. Соната яке аз жанрҳои пешоҳанги мусиқии асри 20 ба шумор меравад. Намунаи барҷастаи Сонатаи ҳозиразамонро Прокофев, Шостакович ва дигарон эҷод кардаанд.
Tags жанр Жанри мусиқӣ
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …