Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «ШӮРОИ УЛАМО»

«ШӮРОИ УЛАМО»

«ШӮРОИ УЛАМО», ташкилоти контрреволюционӣ ва пантуркистию панисломие, ки моҳи июни 1917 намояндагони феодалӣ-клерикалӣ, руҳониёни олимартаба ва буржуазияи миллӣ таъсис карда буданд. 17—20 сент. 1017 дар ш. Тошкент съезди «Ш. у.» шуда гузашт. Вакилони съьезд ба Советҳо муқобил баромада, даъват намуданд, ки дар муборизаи зидди революция муттаҳид шаванд. Қарор қабул карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳрҳои Туркистон шуъбаҳои ташкилот таъсис дода, дар байни омма ғояҳои пантуркӣ ва панисломӣ васеъ паҳн карда шавад.

«Ш. у.» Туркистонро аз Россия , ҷудо карда, тамоми мусулмононро дар зери ҳимояи Туркия ба як давлати феодалию теократии ягона муттаҳид намудан мехост. Аъзоёни «Ш .у.» дар Съезди 3-юми кишварии Советҳо (нояб. 1917) иштирок карда ба мувқобили дар Туркистон барпо кардани Ҳокимияти Советӣ баромаданд. Февр. 1918 «III. у.» ҳамчун ташкилоти зиддосоветӣ барҳам xyрд ва ба босмачигарӣ мусоидат капрд.

Т. Каримов, М. Бобохонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …