Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ МУСАЛЛАҲИ ОКТЯБРЬ ДАР ПЕТРОГРАД

ШӮРИШИ МУСАЛЛАҲИ ОКТЯБРЬ ДАР ПЕТРОГРАД

shurish-dat-petrograd

ШӮРИШИ МУСАЛЛАҲИ ОКТЯБРЬ ДАР ПЕТРОГРАД, шуриши коргарон, солдатҳои революционии гарнизон ва матросҳои Флоти Балтика, ки таҳти роҳбарии Партияи большевикон бо сардории В. И. Ленин 24 окт.—2 нояб. (в—15 нояб.) 1917 ба амал омад. Дар натиҷаи шуриш Ҳукумати муваққатии буржуазӣ сарнагун ва ҳокимияти Советҳои депутатҳои коргарон, солдатҳо ва деҳқонон барпо карда шуд. Он намунаи классикии шуриши мусаллаҳи ғалабаовари пролетариат мебошад Ш. марҳалаи олӣ ва иқдоми қатъии Рев. Кеб. Соц. Октябри 1917 буд. Ғалабаи шуришҳои мусаллаҳ дар Петроград ва баъд дар Москва ба ҳаракати музаффаронаи Ҳокимияти Советӣ дар тамоми Россия (1917—18) ибтидо гузошт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …