ШИКЕБИИ ИСФАҲОНӢ Муҳаммадризо (4557, Исфаҳон —1614, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳинндустон. Дар 34-солагӣ сафари Ҳиндустонро пеш гирифта, ба хидмати дарбор дохил шуд. Охири умр гушанишиниро ихтиёр кард, Ба қалами Ш. И. «Соқинома», маснавие оид ба фатҳи Синд аз тарафи Абдурраҳими Хони хонон (Раҳими) тааллуқ доранд. Дар тазкираву баёзҳо пораҳои қасоид, ғазалҳо ва абьёти парокандааш оварда шудаанд. Ш. И. шоири нозукбаёне будааст. Байтҳои зерин намуиаи шеъри уст:
Аз бими ту нола дар ҷаҳон мешиканад,
Ин тир ҳамеша дар камон мешиканад.
Мурғест фиғони май, ки пеш аз парвоз.
Болу пари май дар ошён мешиканад.
А. Алимардонов.