«ШАРҲИ МАНЗУМАИ ҲИКМАТ» асари манзуми файласуфи а. 19-иЭрон Ҳодии Сабзаворист. «Шарҳи манзумаи ҳикмат» аз 7 боб (мақсад) иборат буда, масъалаҳои умури омма ҷавҳар ва араз, моҳият, табииёт, мабдаъу маод ва илми ахлоқро дар бар мегирад. Ҳар боб фаслҳои ҷудогона дорад. С. 1967 қисми умури омма, ҷавҳар ва арази он ба забони англисӣ тарҷума шуд. «Шарҳи манзумаи ҳикмат» дар Эрон с. 1348 ҳ. ш. ба табъ расндааст. Дар ҳошияи он қасидаи фалсафии манзуме низ ҷой дода шудааст.
М. Ҳазратқулов.