ШАНБЕГИҲОИ КОММУНИСТӢ, яке аз шаклҳои кори ихтиёрӣ ва бемузди меҳнаткашони советӣ ба манфиати ҷамъиятро гӯянд. Шанбегиҳои коммуинстӣ ифодаи муносибати коммунистии одамони советӣ нисбат ба меҳнат мебошанд. Шанбегиҳои коммунистӣ баҳори 1919, ҳангоми Ҷанги гражданӣ ва интервенцияи ҳарбии хориҷӣ, ҷавобан ба даъвати В. И. Ленин дар бораи беҳтар намудани кори роҳҳои оҳан ба вуҷуд омаданд. Ташаббускори Шанбегии коммунистӣ ячейкаи партиявии депои Москва-Сортировочнаян р. о.-и Москва — Қазон буд. 12 апр. 15 наф. коммунистони депо баъд аз анҷоми кор ба таъмири се паровози вайрон cap карда, субҳи 13 апр. онҳоро ба кор омода сохтанд. 10 май дар р. о. Москва — Қазон нахустин шанбегии коммунистӣ барпо гардид, ки дар он 205 наф. коргарон иштирок намуданд. Ба роҳиоҳанчиён коргарони фабрикаву заводҳои мамлакат пайравӣ карданд. Ии ҳаракат табақаҳои васеи синфи коргари Россияро фаро гирифт. В. И. Ленин дар «Ташаббуси бузург» ном мақолааш таҷрибаи нахустин Шанбегии коммунистиро ҷамъбаст намуда, аҳамияти таърихии онҳоро нишон дод.
С. 1969 бо хоҳиши коллективи коргарони депои Москва-Сортировочная (ба муносибати 50-солагии нахустин Шанбегии коммунистӣ) анъанаи ҳар сол гузаронидани шанбегӣ ва якшанбегиҳои умумииттафоқии коммунистӣ аз нав барқарор карда шуд. Аз ҳамон вақт ин ҷониб ҳар сол дар арафаи зодрузи В. И. Ленин дар саросари мамлакат Шанбегии коммунистии умумииттифоқӣ гузаронида мешаванд.
Маблағе, ки дар натаҷаи Шанбегии коммунистии умумииттифоқӣ ба даст оварда мешавад, барои ободонии мамлакат, буньёди муассисаҳои нигаҳдории тандурустии меҳнаткашон, сохтмони санаторияю боғчаҳои бачагон, мактабу омӯзишгоҳҳо, муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва ғ. сарф карда мешавад. X. Дӯстов, Р. Шарифов.