Орск, шаҳрест дар вилояти Оренбурги Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Дар Урали Ҷанубӣ ва назди резишгоҳи дарёи Ор воқеъ аст. Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 247 ҳазор нафар (1979). Соҳаҳои асосии саноат металлургияи ранга, мошинсозӣ, нефту химия ва хӯрокворист.
Корхонаҳои калон- таринаш; комбинати «Южуралникел», заводҳои коркарди металлҳои ранга ва нефт, спирти синтезӣ, мошинсозии вазнин, мошинҳои сохтмон, маснуоти монтажи электрӣ, конструксияҳои металлӣ, комбинати гӯшт; фабрикаҳои дӯзан- дагӣ, трикотаж ва қаннодӣ. Институти педагогӣ, филиали Институти ғоибонаи умумииттифоқии политехникӣ, 4 техникум, омӯзишгоҳҳои тиббию мусиқӣ, театри драма ва музеи кишваршиносӣ дорад.
Орск соли 1735 ҳамчун қалъа ба вуҷуд омад. Аз соли 1865 — шаҳр.
Орск бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1971).