Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ФРУНЗЕ

Шаҳри ФРУНЗЕ

ФРУНЗЕ (то 1926 — Пишпек), шаҳр, аз соли 1936 пойтахти РСС Қирғизистон. Калонтарин узели саноату нақлиёт ва маркази мадании Қирғизистон. Дар водии Чу, дар домани қаторкӯҳи Қирғизистон (баландиаш 750 —900 м) воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 590 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саыоат мошинсозӣ ва таҳвили металл (зводҳои мошинҳои хоҷагии қишлоқ, электротехникӣ, асбобсозӣ ва ғайра), саноати сабук, хӯрокворӣ, фармасевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорист.

sh-funze

Дар шаҳр Академияи Фанҳои РСС Қирғизистон, 8 мактаби олӣ, аз ҷумла университет, 3 музей (аз ҷумла Хонамузеи М. В. Фрунзе) ва 4 театр ҳаст. Чун деҳа соли 1864 бунёд ёфт. Аз соли 1878 шаҳр, аз соли 1924 маркази Вилояти Автономии Қаро-қирғиз (аз 1925— Қирғизистон) ва аз соли 1926 пойтахти РАСС Қирғизистон. Мувофиқи плани генералии соли 1974 тараққӣ мекунад. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1978).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …