САРФАРМОНДЕҲ, фармондеҳи қӯшунҳо (флот, авиатсия) -и ягон ҷабҳаи ҳарбӣ ё самти стратегӣ, инчунин ягон навъи қувваҳои мусаллаҳ. Дар гузашта Сарфармондеҳ барои роҳбарии тамоми армияи амалкунанда таъин мешуд, вале баробари пайдоиши фронт-ҳо Сарфармондеҳро ба ҳар як фронт таъин мекардагӣ шуданд. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Советӣ Сарфармондеҳи қӯшунҳоя ракетии таъиноти стратегӣ, пиёдагард. ФҲБ, ҚҲҲ, қӯшунҳои мудофиаи зид-диҳавоии мамлакат ва гурӯҳи қӯшунҳои советии муваққатан дар Республикаи Демократии Германия ҷойгиршуда вуҷуд дорад. Ба Қувваҳои Мусаллаҳи муттаҳидаи мамлакатҳои Шартномаи Варшава низ Сарфармондеҳ таъин мешавад.