Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САРАНДЕБ

САРАНДЕБ

САРАНДЕБ 1) дар истилоҳоти асримиёнагии ҷуғрофӣ ҷазираи С е й л о н (ҳозира Ш р и-Л а н к а)-ро гӯянд. 2) Дар ривоятҳои динӣ номи кӯҳи афсонавиест, ки ба он ҷо Одаму Ҳавво аз олами улвӣ фуруд омадаанд. Гӯё онҳо аввал дар биҳишт буданд, вале ба васвасаи Шайтон аз гандумӣ мамнӯъ хӯрда ба хашми худо гирифтор шуданд. Худо аз паи ҷазо додани Одаму Ҳавво шуда ба дарахти Тубо фармудааст, ки шохаҳои худро ба ҳам оварда онҳоро бар гирад ва аз биҳишт берун андозад. Ба ин маънӣ Ҳофиз гуфтааст:
Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд,
Одам овард ба ин дайри харобободам.
У. Тоиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …