САРАФАНОВ Геннадий Василевич (таваллуд 1. 1. 1942, деҳаи Синенкие, райони Саратови вилояти Саратов), лётчик-кайҳоннаварди Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, полковник, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1974) . Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза аз соли 1963. Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии лётчикҳо (шаҳри Балашов, 1964) дар сафи ҚҲҲ хизмат кард. Аз соли 1965 дар отряди кайҳоннавардон 26 августи 1974 (якҷоя бо Л. С. Дёмин) дар киштии кайҳонии «Союз-15» ба сифати командири киштӣ ба кайҳон парвоз кард. Киштӣ дар муддати 48 с 12 дақиқа атрофи Заминро 32 маротиба давр зад. Сарафанов дар рафти парвоз просесси наздикшавӣ ва васлкунии киштиро бо стансияи мадории «Салют-3”, ки 25 июни 1974 ба мадор бароварда шуда буд, озмуд. Баъди иҷрои программаи парвоз экипажи киштии кайҳонии «Союз-15» 28 августи 1974 ба Замин баргашт. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.