Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «САНЪАТИ МАХЗУН»

«САНЪАТИ МАХЗУН»

«САНЪАТИ МАХЗУН» рисолаест доир ба назарияи иншо, таълифи Мирзо Абдулазими Сомӣ. Аз муқаддима ва ду қисм иборат буда, намунаи ҳуҷҷатҳои расмиро дар бар мегирад. Муаллиф дар ри- сола вазъи умумии иншонависӣ ва номанигории Бухорои нимаи дуюми асри 19-ро инъикос кардааст. «Санъати Махзун» барои омӯзиши фаъолияти дабирон, коргузории вазоратҳо, дафтарҳои харҷу дахли мамлакат, андозҳо ва ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ сарчашмаи мӯътабар мебошад. Дар рисола ақидаҳои эстетикии Сомӣ ва муносибати ӯ ба касби дабирӣ ифода ёфтааст. « Санъати Махзун» барои омӯзиши санъатҳои бадеӣ ва сабку услуби адабиёти тоҷик низ аҳамият дорад. Дар « Санъати Махзун » 20 санъати лафзӣ ва 24 санъати маънавӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Дар ганҷинаҳои дастнависҳои Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон 5 нусхаи дастхати он маҳфуз аст.
3. Хасанова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …