САДБАРГ, в а р д, гул, гули сурх, гули сурӣ (Rosa), гулест, ки шукуфаҳои калону сербарг ва хушбӯй дорад. Мувофиқи таснифоти ботаника аз ҷинси настаран (оилаи настараниҳо) аст. Навъҳои гуногуни Садбарг дар тӯли асрҳо дар натиҷаи гардолудонӣ, интихобу пайванди намудҳои настаран (Садбаргҳои худрӯй) ба вуҷуд омадаанд. Аввалин маъхазҳое, ки оид ба Садбарг маълумот медиҳанд, ба асрҳои 6—2 то мелод тааллуқ доранд. Табиатшинос ва файласуфи Юнони Қадим Теофраст дар «Таърихи табиат» баъзе навъҳои Садбаргро тавсиф намудааст. Ӯ дар Филиппин ва Мақдуния рустани Солҳои 12- 20- ва 100-баргаро қайд кардааст. Юнониҳо дар рӯзҳои ид хона, маъбад, базмгоҳро бо Садбарг оро медоданд. Ба сари ғолибон гулчанбар месӯзоштанд; арӯсу домодро дар маросими никоҳ бо Садбарг меоростанд. Муаррих ва нависаидаи Рими Қадим Плинийи Калонӣ 12 хе-ли Садбаргро ном бурдааст ва онро «Олиҳаи гулҳо» номидааст. Римиҳо аввалхои тобистон «рӯзи садбарг»-ро чун «ёдбуди гузаштагон» қайд мекарданд. Дар девори чанд хонаҳои Помпея расми Садбарг боқӣ мондааст.
Дар Европаи Ғарбӣ Садбарг асрҳои 5—6 пайдо шудааст. Дар мамлакатҳои Европа асосан Садбарги худрӯйро мепарвариданд. Европоиҳо навъҳои атргул ва Садбарги банғолиро асрҳои 18—19 овардаанд. Дар Россия низ (аз асрҳои 12—13) баъзе намудҳои Садбарги худрӯйро парвариш мекарданд. Эҳтимол ватани аслии Садбарг Аҷам буд, аз он ҷо сонитар, ба Юнону Рум бурдаанд. Ба ҳар ҳол Садбарг дар «Авесто»-и тоҷику форсиён (асрҳои XI—IX то мелод) зикр шудааст (Дар он сифати хуби «равғани садбарг» сабт гардидааст). Таърихи садбаргпарварии тоҷикон дуру дароз аст.
Дар давраи Сомониён тоҷикон навъҳои баландсифати атриётро, ки аз Садбарг тайёр мекарданд, ба бисёр кишварҳои Осиё мебурданд. Тоҷикон иди қадимаи «сайри гули сурх»-ро бо тантана қайд мекарданд. Одамон ба сайру гашт мебаромаданд ва ба якдигар гулоб мепошиданд. Ҳатто «бозорҳои гул» буданд. Тоҷикон аз қадимулайём гулбарги Садбарг (навъҳои гулобию сурх)-ро барот тайёр кардани гулоб, гулқанд, гулангубин (ҷуланҷубин), «мураббои гул» ва ғайра истифода мебурданд. Гулангубинро аз гулбаргу асал тайёр мекунанд, ки он хеле хушбӯю хуштаъм ва гуворост. Табибон онро барои тақвияти меъда ва дилу ҷигар тавсия медиҳанд. Гулобро дар деги махсус — анбиқ аз гулбарги Садбарг (гули сурх, гули гулоф, озодгул, оташӣ ва ғайра) мекашанд. Гулобкашӣ дар байни халқҳои форсу тоҷик касби хосае буд. Беруни навъҳои ҷойдории Садбарг (озодгул, дурӯгул, руспигул, зардсухр, садфар, қайсаргул, курагул, гунбадгул, шиканҷагул ва ғайра)-ро ном бурда, тайёр кардани гулобро «касби хоси форсҳо» хондааст. Ӯ гулобро муқаввии меъдаву ҷигар донистааст.
Абӯалии Сино бо равғанн гул захми меъдаро табобат мекард. Афшураи Садбаргро давои иллати меъда ва шушу ҷигар меҳисобид. Гулангубинро барои тақивияти меъда тавсия медод. Гулбаргеро, ки дар об ҷӯшонида шудааст, чун марҳам ба омос мебаст. Муаллифони асарҳои тибби Шарқ гулқанд, гулангубин ва гулобро тавсиф карда, оид ба ҳикмату манфиати онҳо сухан рондааид. Масалан, дар «Эҳё-ут-тибби Субҳонӣ» омадааст, ки гулоб «муқаввии димоғ ва мусаккини суддоъ бошад; тақвияти дил ва меъда кунад, дарди чашм сокин созад. Хурдани он бемориҳои нафсуддам, хафақони гарм ва ғаширо нофеъ бувад…».
Ҳоло садбаргпарварӣ дар бисёр кишварҳои дунё тараққӣ кардааст. Садбаргзорҳои Булгория, ки бо номи «Водии садбарг» машҳуранд, дар иқтисодиёти мамлакат мавқеи муҳим дорад. Дар СССР аввалин навъи равғани эфирдори Садбарг («Крымская красная»)-ро соли 1926 рӯёндаанд. Соли 1933-юм 218 га, 1973 беш аз 4,5 . га садбаргзор буд. Ҳоло дар 5 ҳазор га гули гулоб (гулобӣ ё озодгул) — R. gallica мепарваранд. Аз гулбарги гули гулоб равғани эфир мегиранд. Аз ҳар га 17,7 с, дар баъзе хоҷагиҳо беш аз 40 с (дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ то 102 с) гул меғундоранд. Дар СССР соле беш аа 7 т равғани эфир мегиранд. Миқдори равғани эфири гулбарги гули гулоб 0,14—0,20% аст. Равғани эфири гули гулоб аз моддаҳои бисёре (беш аа 200)—спирти фенилэтил (70—75%), гераниол (10— 15%), тситронеллол (5—6%), нерол (2—3%) таркиб ёфтааст. Умуман аз 10 навъи Садбарг равғани эфир мегиранд. Дар мамлакати мо чанд навъи нави гули гулоб — «Мичуринка», «Фестивалная», «Пионерка», «Украина»-ро рӯёнидаанд. Равғани эфири Садбарг («равғани садбарг» )-ро барои хушбӯй кардани дору, нушокӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва барои тайёр намудани атриёти баландсифат (гурӯҳи А ва «Экстра») истифода мебаранд.
Ҳоло дар бисёр мамлакатҳои дунё Садбарг гули писандида аст. Дар айни замон беш аз 25 ҳазор навъи Садбаргро мепарваранд. Онҳо хиёбону гулгаштҳо, кӯчабоғу чорбоғҳо, биноҳо ва ғайраро оро медиҳанд. Навъҳои Садбаргро асосан ба 3 гурӯҳ тақсим мекунанд: х а з о н р е з, ки гулбуни онҳо бехҷасти бисёре ҳосил мекунанд, айёми гулшукуфт —20—40 шаборӯз, баҳорон мешукуфанд; ҳ а м е ш а с а б з, ки тезрасанд, давраи гулашон тулонист; печон (лиапаҳо), ки навдаҳои дароз (то 10—12 м) доранд, тобистон мешукуфанд ва сергул мешаванд. Ҳоло дар садбаргзори Боғи ботаникии Институти ботаникаи АФ РСС Тоҷикистон беш аз 600 навъу хелҳои Садбаргро парвариш мекунанд. Баъди санҷиш навъҳои беҳтаринро тавсия медиҳанд. Дар айни замон дар шаҳру деҳоти республпкаамон навъҳои Садбарги «Супер Стар», «Миранди», «Утро Москвы», «Климентина», «Глория Дей» ва ғайра хеле маъмуланд.
Асадӣ гӯяд:
Ҳазорон сифат гул дамида зи санг,
Зи садбаргу дурӯю аз ҳафтранг
Тасвир дар саҳ. 288—289.
Ад.: И р ж е в с к и й С. А., Розы, М., 1958; С у ш к о в К., Бесс чет попа М., Розы Алма-Ата, 1072; С а в к о в С. Г., Риекста Д. А., Розы Рига, 1973; Клименко Н. Н., Клименко 3. И., Розы, Симферополь, 1074.
М. Ҳоҷиматов.