Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОДОХРОЗИТ

РОДОХРОЗИТ

РОДОХРОЗИТ (аз юнонӣ rhodon — гули садбарг ва chrosis — ранг), шпати мангал, минералест аз синфи карбонатҳо. Формулаи химиявиаш МnСОз. Дар таркибаш 61,71% МnО ва 38,29% СO2 инчунин омехтаҳои Fe, Mg, Zn, баъзан Со дорад. Системаи кристаллбандиаш тригоналӣ; кристаллҳояш ромбоэдрӣ, камёфт. Аксар вақт агрегатҳои ка¬лони донадор ҳосил мекунад. Ран¬гаш гулобӣ, сурх, хокистарии сабзтоб. Ҷилояш шишагун. Сахтиаш 3,5— 4; зичиаш 3600—3700 кг/м3.

ro
Родохрозит асосан дар рагҳои гидротермалии минералҳои сулфиддор ва конҳои метасоматозӣ якҷоя бо родонит, беҷодаи мангандор, гаусманит ва ғайра ду¬чор меояд. Конҳои таҳшинии Родохрозит аҳамияти саноатӣ доранд. Конҳои нисбатан калони он дар СССР (Урали Шимолӣ) ва ИМА мавҷуданд. Родохрозит инчунин ашёи хом барои гудохтани ферроманган, чӯян, пӯлод ва дар саноати химия истифода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …