Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЮЙТЕЛ Арнолд Феодорович

РЮЙТЕЛ Арнолд Феодорович

РЮЙТЕЛ Арнолд Феодорович (тавалудаш 10. 5. 1928, волости Лайлмяла, уезди Сааремаа, ҳозира райони Кингисепп РСС Эст.), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, номзади илмҳои хоҷагии
қишлоқ (1972),
Коркуни Хизматнишондодаи хоҷагии Қишлоқи РСС Эст. (1976). Аъзои КПСС аз соли 1964.
Академияи хоҷагии кишлоқи Эстония ро хатм кардааст (1964). Фаъолияти меҳнатиаш соли 1949 оғоз ёфтааст. Баъди хизмат дар сафи Армиям Советӣ муаллими мактаби механиконии хоҷагии қишлоқи Тарту буд. Солҳои 1957—1963 сарзоотехники базаи таҷрибавии «Тяхтвере»-и Институти тадқиқоти илмии чорводорию ветеринарии Эстония ва ҷонишини директори ҳамин институт, 1963—1969 директори совхози намунавии «Тарту», 1969—1977 ректори Академияи хоҷагии қишлоқи Эстония. Ба тадқиқи технология ва иқтисодиёти фермаҳои калони чорвои ширдеҳ машғул шудааст. Солҳои 1977—1978 котиби КМ ПК Эст., 1979—1983 ҷонишини якуми Раиси Совети Вазирони РСС Эст. Аз апрели 1983 Раиси Президиуми Совети Олии РСС Эст. ва аз марти 1984 ҷонишини Раиси Президиуми Совети Олии СССР. Аъзои бюрои КМ ПК Эст. (аз соли 1977). Депутат Совети Олии СССР (даъвати 11), депутат Советӣ Олии РСС Эст. (даъватҳои 7 —II). Бо ордени Ленин ва ордени Дӯстии халқҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …