РИФҲО, риф, халқи барбар, ки дар ноҳияи кӯҳии Рим (Марокаши Шимолӣ) маскун аст. Шумораашон тақрибан 900 ҳазор нафар (1978). Забонашон ба гурӯҳи забонҳои барбарӣ мансуб аст. Аксарият дузабона буда, ба забони арабӣ низ гап мезананд. Диндорон мусулмонони суннианд. Машғулияти асосиашон деҳқонист (ғаллакорӣ, ҷуворкмаккапарварӣ ва ғайра). Рифҳо солҳои 1921—26 зидди мустамликадорони Испания ва Франсия муборизаи миллии озодихоҳӣ бурдаанд.