Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАНГРЕЗӢ

РАНГРЕЗӢ

РАНГРЕЗӢ, маҷмӯи просессҳот физикӣ ва химиявиест, ки дар натиҷаи он ашёи бофандагӣ, коғаз, пӯст, пластмасса ва ғайра ба худ ранги муайяне гирифта, ба таъсири рӯшноӣ, об, соиш ба андозае устувор мешаванд. Дар Рангрезӣ рангвориҳо, лок, пигментхо ва ғайраро ба кор мебаранд.

rangrezi

Ашёи бофандагиро бештар бо ҳаpopати баланд дар маҳлули рангвори­ҳо ё суспензияи онҳо ранг меку­нанд. Усулҳои Рангрезиро вобаста ба хусусиятҳои рангвориҳо ва ашёи рангшаванда муайян мекунанд. На­хи растанӣ, нахи пашмина ва нахи синтетикии полимидиро дар мадҳлули обакии намаки ошдори ранг воридо ранг менамоянд. Сипас  ашёро бо намаки металлҳо ё препа­ратҳои махсус кор мекунанд, ки дар натиҷа ранги онҳо намепаридагӣ мешавад. Рангрезӣ тавассути рангвориҳои фаъол дар натиҷаи таъсири химиявии байниҳамдигарии онҳо бо нахи растанӣ, нахи пашмина ва синтезӣ ба амал бароварда мешавад. Рангрезии нахҳои растанӣ дар муҳити ишқорӣ нахи пашмина дар муҳити нейтралӣ ё муҳити кислотагиаш суст иҷро карда мешавад. Рангвориҳои дар об ҳалшавандаро ҳангоми ранг кардани нахҳои растанӣ ва синтетикӣ ба кор мебаранд. Аввал ашёро ба маҳлули ишқории пайвастҳои азотолӣ , баъд бо маҳлули хунуки намакҳои диазония кор мекунанд. Дар натиҷа рангҳои баланду устувори тобишҳои гуногундошта ҳосил мегарданд. Бо рангвориҳои сулфурдор ранг кардани нахҳои растанӣ дар маҳлули сулфиди натрий гузаронида мешавад. Лейкопайвастҳои дар нах ҳосилшуда бо оксигени ҳаво оксид гашта ба ашё ранг медиҳанд. Нахҳои сунъӣ ва синтетикиро пеш аз ресидан ё баъд ранг мекунанд. Коғазро бо якчанд усул: ба массаи коғаз рангвориҳои минералӣ ё синтетикӣ ҳамроҳ карда, коғази тайёрро ба маҳлули кислотагии рангвориҳо меандозанд ё рӯи онро бо сатҳи моддаҳои рангворӣ мепӯшанд. Ранг кардани пластмасса ба тарзи

Ҳо­сил кардан ва хусусиятҳои он вобаста мебошад. Масалан, ба пластмассаҳои полимеризатсионӣ пеш аз по­лимеризатсия рангвори ҳамрох мекунанд. Ба пластмассаҳои конденсатсионӣ бошад, ҳангоми истеҳсоли хокаҳо, ҳамроҳи пуркунандаҳо рангворӣ меандозанд. Ниг. низ Ализарин.

Ад.: Андросов В. Ф., Ф е л ь В. С., Крашение синтетических волокон, М., 1965; Мельников Б. Н., М о р ы г а нов П. В., Теория и практика интен­сификации процессов крашения, М., 1969.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …