РАНГКӮЛ, деҳаест дар райони Мурғоби ВМКБ, маркази Совети қишлоқи Рангкӯл. Территорияи совхози «Ленин-жолу». Аз деҳа то маркази район 65 км роҳ шағалпӯш. Адолиаш 240 нафар (1981), қирғизҳо. Мактаби миёна, клуб, китобхона, интернати давлатӣ, пункти тиббӣ ва шӯъбаи алоқа дорад. Дар наздикии деҳа стансияи таҷрибавии биологии Помири АФ РСС Тоҷикистон воқеъ гаштааст. Соҳаи асосии хоҷагӣ—чорводорӣ (ғажгову гӯсфандпарварӣ).
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …