РАНГ, 1) маснуоти локу рангубориест, ки аз моддаҳои пайвастӣ (рӯяшон шахшаванда) ва пигментҳои органикӣ ё ғайриорганикб таркиб ёфтааст. Дар таркиби Ранг инчунин ҳалкунандаҳо ва дигар моддаҳо буданашон мумкин. Равғани растанӣ ё олифҳо, локҳо, яъне маҳлули табиӣ ё синтезии олигомерҳои (полимерҳо) таркиби ҳалкунандаҳои органикӣ, маҳлули обакии ширеши набототу ҳайвонот, шишаи моеъ (Pанги силикатӣ) ва ғайраро чун моддаҳои пайвастии Ранги истифода мебаранд. Дар саноат Рангро асосан дар шакли суспензияҳои ғализ ё обакӣ истеҳсол мекунанд. Пигментҳоро бо моддаҳои пайвастӣ меомезанд, баъд пигментҳои маҳлули ҳосилшударо хеле месоянд, дар натиҷа Pанги ғализ ҳосил мешавад. Барои ҳосил кардани суспензия ба Ранги ғализ ҳалкунандаҳои махсус ё олиф ҳамроҳ мекунанд. Pанги сахт (дар шакли тахтачаҳои алоҳида, масалан, Pангҳои акварелӣ-обӣ) ва хока низ истеҳсол мекунанд. Ранг аз рӯи таъинот ба Рангҳои хоҷагӣ, тасвирӣ ва полиграфӣ ҷудо мешавад. Рангро дар хоҷагии халқ ва ҳаёти маишӣ асосан барои хушнамуд кардану аз таъсири намӣ, нури офтоб, моддаҳои химиявӣ, ҳарорати баланд, мағор ва ғайра эмин доштани ашё истифода мебаранд.
2) Рангҳои минералӣ, пигментҳои табиӣ, минералҳои сафед ё ҳарранга, ҷинсҳои кӯҳӣ, маъдан ва ғайра, ки чун моддаи рангкунанда истифода мебаранд. Чунин навъҳои Рангҳои химиявӣ маълуманд: карбонатӣ, силикатию лой, оксидӣ ва гидрооксидӣ, сулфатӣ, углеродӣ ва ғайра. Баъзан сулфидҳо ва фосфатҳоро ҳам ба сифати моддаҳои рангкунанда истифода мебаранд. Рангҳои табиӣ хеле устувор ва ба таъсири рушноию атмосферб тобовар мебошанд. Рангҳои табиӣ хеле фаровонанд ва роҳи истифодаашон ҳам осон аст. Аз ин ҷиҳат онҳо аз Рангҳои синтетикӣ афзалтар дониста мешаванд. Рангҳои силикатб, оксидӣ ва углеродӣ, ки дар саноату сохтмони техникӣ, полиграфия ва санъати тасвирӣ истифода мешаванд, аз дигар навъҳои Ранг маъмултаранд.