Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶАБОВ Сиддиқ Раҷабович

РАҶАБОВ Сиддиқ Раҷабович

РАҶАБОВ Сиддиқ Раҷабович (таваллуд 19. 3. 1910, Ҷамбул), педагоги советӣ, доктори илмҳои педагогӣ (1958), Аъзои ҳақиқии Академияи Фанҳои Педагогии Союз Советских Социалистических Республик СССР (1968), аъзои Президиуми Академияи Фанҳои Педагогии  Союз Советских Социалистических Республик СССР (1970), профессор (1959). Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон (1964). Аз оилаи камбағал. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1941. Баъди хатми Институти педагогии Фарғона (1933) солҳои 1933—37 дар аспира нтура таҳсил кард. Солҳои 1935—41 муаллими Институти давлатии педагогии ба номи Низомии шаҳри Тошкент. Солҳои 1941—42 ҷонишини мудири шӯъбаи пропаганда ва агитатсияи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ӯзбекистон. Солҳои 1943—47 муҳаррири газетаи «Қизил Узбекистон» (ҳоло «Совет Узбекистонӣ»), 1947—61 мудири кафедраи педагогикаи Институти давлатии педагогии Тошкент, 1962— 66 директори Институти тадқиқоти илмиӣ илмҳои педагогии Ӯзбекистон. Аз соли 1966 мудири кафедраи педагогикаи Институти давлатии педагогии Тошкент. Дар мавзӯи «Таърихи мактаби советии Ӯзбекистон (1917— 41)» диссертасия навишт. Раҷабов муаллифи якчанд монография ва бисёр мақолаҳои илмист. Асарҳои ӯ бештар ба масъалаҳои тантанаи идея-ҳои ленинӣ дар соҳаи маорифу маданияти Узбекистони Советӣ бахшида шудаанд. Вай дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи педагогика дар Тоҷикистон низ ҳиссаи калон дорад. Масалан, олимони педагоги мо доктори илмҳои педагогӣ М. Орифов, номзадҳои илм Р. Искандарова, Б. Олимов, X. Раҳимов ва дигар бо роҳбарии Раҷабов рисолаи илмӣ дифоъ кардаанд. Таҳти роҳбарии Раҷабов ҷамъ қариб 70 номзад ва 5 доктори илм тайёр карда щудаанд. Бо ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст. И. Обидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …