РАҲИМОВ Уроқ (1900, деҳаи Навободи райони Ҳисор—3. 4. 1972, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1930 —35 колхозчӣ, 1935—41 ҳисобчии колхози «Меҳнаткаш» (ҳоло колхози «Ленинизм»), 1941—43 бухгалтери колхози ба номи Чкалови райони Ҳисор, 1943 дар сафи Армияи Советӣ, 1944—46 бух- галтер, 1946—49 сардори звено, 1949—50 раиси колхози ба номи Чкалов, 1950—53 сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи фрунзе, 1953—56 хонандаи Мактаби миёнаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон оид ба тайёр кардани раисони колхозҳо, 1956—62 агрономи колхози ба номи Владимир Илич Ленин, 1962—63 ҷонишини сардухтур оид ба корҳои хоҷагии касалхонаи колхози «Москва», 1963—68 агроном оид ба муҳофизати растании колхози «Ленинизм», 1968 агроном— тухмишиноси Идораи тухмипарварии Вазорати Хоҷагии Қишлоқ дар назди колхози «Ленинизм»-и райони Ҳисор буд. Аз соли 1968 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Раҳимов соли 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёндааст. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.