РАДИОМАРКАЗИ ҚАБУЛ, радиостансияи қабул, комплекси иншоот ва василаҳои техникиест барои якбора қабул кардани сигналҳои чандин радиостансияҳои ирсол. Аввалин Радиомаркази қабул дар як вақт бо радиомарказҳои ирсол сохта мешуданд. Дар Радиомаркази қабул василаҳои техникии асосӣ инҳоанд:. ҷиҳози антеннӣ ва фидерӣ бо аппаратураи истифодаи чандкаратаи антеннаҳо; радиоприёмникҳо; аппаратураи мобайнӣ ва интиҳоии тракти қабул. Ғайр аз ин, Радиомаркази қабул як силсила василаҳои техникии иловагӣ (аппаратураи назорат, идора аз масофа, алоқаи дохилӣ ва сигнализатсия) низ дорад. Василаҳои техникии Радиомаркази қабул одатан дар иншооти статсионарӣ ҷой дода мешаванд. Радиомаркази қабул на чандон калонро дар объектҳои сайёр низ ҷой додан мумкин аст. Маҷмӯи антеннаҳо, радиоприёмникҳо, аппаратурами мобайниву интиҳои системаи ягонаи қабули Радиомаркази қабулpo ташкил медиданд. Асоситарин нишондидандаҳои техникии Радиомаркази қабул шумораи пунктҳои хизматрасонӣ, миқдор ва сифати василаҳои техникӣ мебошанд. Вобаста ба таъинот ва дараҷаи автоматонии Радиомаркази қабул василаҳои техникиро бевосита аз худи Радиомаркази қабул ё аз масофа (аз радиобюро, пункти радиодиспетчерӣ, маркази алоқаи телеграфа ё телефонӣ ва ғайра) тақсим ва идора кардан мумкин аст. Барои беҳтар намудани шароити қабул ва кам кардани таъсири халалҳо Радиомаркази қабулро аз манбаъҳои саноатии радиохалалҳо, радиомарказҳои ирсол ва баъзе радиостансияҳои пуриқтидори ирсол дуртар месозанд.
Ад.: Челышев В. Д, Приёмные радиоцентры, М., 1975.