Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСИН Жан

РАСИН Жан

racine

РАСИН (Racine) Жан (21. 12. 1639, Ферте-Милон—21. 4. 1699, Париж), драматурги франсавӣ, аъзои акаде­мики Франсия (1673). Аз оилаи амалдор. Фоҷиаи «Андромаха» (1667), ки нахустин асари муҳими ӯ буда, масъалаҳои ахлоқро ба миён мегузорад, дар таърихи драма­тургияи франсавӣ саҳифаи нав кушод. Мавзӯи асосии песаҳои Расин ҳаёти маишиву оилавӣ буда, ба онҳо психологизми нозук хос аст. Расин ҷаҳони ботинии занонро, ки қаҳрамони асосии песаҳои ваянд, бо маҳорати баланд тасвир кардааст. Дар фоҷиаи тезу тунди сиёсии «Британния» (1669) чоплусиҳоеро, ки манзараи дарбори Людовики XlV-po ба хотир меоранд, мазаммат намуда­аст. Фоҷиаҳои ӯ «Бериника» (1670), «Боязид» (1672) ва алалхусус «Федра» (1677) дар таърихи адабиёт ва театри франсавӣ мақоми баланд до­ранд. Дар «Федра», ки асосаш материали атиқист, симои зани поктинате офарида шудааст, ки бар зидди ҳиссиёти пурзӯри ботинии худ қаҳрамонона мубориза мебарад. Расин ҳамчун драматург ва намояндаи класситсизм ба инкишофи театр ва драматургияи ҷаҳон таъсир расондааст. Чанде аз фоҷиаҳои Расин ба за­бони русӣ тарҷума гардида, дар театрҳо намоиш дода мешаванд.

Ад.: Шафаренко И., Ж. Расин дар кит.: Писатели Франции, М., 1964.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …