Маълумоти охирин

РАБОТИ МАЛИК

РАБОТИ МАЛИК , ёдгории меъмории асри 11, корвонсарои Дашти Ма­лик, дар сари роҳи Бухоро ва Кар­мина, ки соли 1078—1079 дар аҳди Шамсулмалики Наср сохта шудааст. Работи Малик чоркунҷа (86 X 86) буда, бо девори баландиаш 12 м иҳота шуда­аст, ки бо марзаи аз хиштҳои батартиб чидашуда интиҳо меёбад. Қад-қади деворҳо хонаҳои дуошёна ва дар марказ ҳавлии чоркунҷа дорад. Иншоот аз хонаҳои истиқоматӣ, анбор ва тавилаҳо иборат буд (қисман хароб гаштааст). Композитсияи намои асосӣ мукаммалу назаррабост. Бино дорои пештоқи бошукӯҳ (баландиаш 18 м) буда, дар кунҷҳояш бурҷҳои мудаввари гулдастадори муқарнас дорад (як бурҷаш вайрон шудааст). Девори байни бурҷҳо ва пештоқ бо қатори нимсутунҳо (шаштоӣ) ва тоқҳои пайконшакл зинат ёфтааст. Қисми поёни деворҳою бурҷҳо аз хишти хом буда, бо хишти пухта рӯйкаш ва қисми болои деворҳою тамоми пештоқ аз хишти пухта сохта шудааст. rabat_malik Бурҷҳо вазифаи манораро низ адо мекарданд. Ба ороиши пештоқ бештар диққат додаанд. Рӯи он бо нақшҳои гиреҳи аз хишт чидашуда (дар шакли ситораҳои ҳашттеға) ва навиштаҷоту ҳошияҳои назаррабо оро ёфта, дохили тоқаш рӯи гаҷ мунаббаткорӣ шудааст. Дар дарунтари пештоқ тоқи хурдтаре гузоштанд, ки вазифаи даромадгоҳро иҷро мекунад. Гарчанде қисми бештари ёдгорӣ вайрон шуда бошад ҳам, аз ин хароба шукӯҳи пештараи онро тасаввур кардан мумкин. Работи Малик таҷассуми комёбиҳои санъати меъмории гузашта ва зуҳуроти давраи нави тараққиёти ин санъат аст. Агар нимсутунҳо мероси замо­ни гузашта бошанд, пештоқи комил ва бурҷҳои кунҷӣ (дар шакли ма­нора) унсурҳои нави меъморианд. Работи Малик дар миқёси Осиёи Миёна пас аз Мақбараи Исмоили Сомонӣ би­нои мукаммалтарин аст. Ӯ. Пӯлодов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …