РЕАКСИЯҲОИ ЯДРОӢ, табдили ядроҳои атомиро гӯянд, ки дар ҷараёни таъсири мутақобил бо якдигар, бо зарраҳои элементарӣ ё у- квантҳо ба амал меояд. Схемаи реаксияи ядроӣ чунин аст: а + А -*■ -*В + Ь ё ин ки А (а, Ь) В. Ин ҷо А — ядрои аввалин, ё ба истилоҳ ядрои нишон, а — зарра ё ядрои бархӯранда, В — ядрои охирин ё маҳсул, Ь — зарра ё ядрои паррон (он низ маҳсули реаксия). Реаксияҳои ядроиро Э. Резерфорд соли 1919 бори аввал дар лаборатория тадқиқ кард. Ӯ ядроҳои нитрогенро бо а-зарраҳо бархӯронида Реаксияҳои ядроиро мушоҳида намуд. Реаксияҳои ядроӣ ду хел мешаванд: экзотермӣ (дар рафти ин навъ Реаксияҳои ядроӣ энергияи кинетикӣ ҷудо мешавад) ва эндотермӣ (энергия фурӯ бурда мешавад). Дар ҷараёни Реаксияҳои ядроӣ қонунҳои бақои энергия, импулс, моменти миқдори ҳаракат, заряд, адади барнонӣ ва ғайра вайрон намешаванд. Реаксияҳои ядроӣ аз асоситарин методҳои омӯзиши сохти ядрои атом ва хосиятҳои он мебошад. Реаксияи тақсимшавии ядроҳои вазнин ва реаксияи синтези ядроҳои сабук асоси энергетикаи ядроиро ташкил медиҳанд. Соли 1936 Н. Бор механизми гузариши Реаксияҳои ядроиро омӯхта, ақидае пеш ниҳод, ки он минбаъд асосн пааарияи Реаксияҳои ядроӣ Р. я.-ро ташкил дод. Бино ба ақидаи мазкур Реаксияҳои ядроӣ бояд дар ду марҳила гузарад. Дар марҳалаи якум зарра ё ядрои афтон ба ядрои нишон бархӯрда, ядрои мобайнии ангехта (компаунд)-ро ба вуҷуд меорад. Дар марҳалаи дуюм кости ядрои мобайнӣ ба амал ме-ояд. «Умри» ядрои мобайнӣ нисбат ба «умри» андаряки ядрои (10-22 — 1Ю-23. сония) хеле зиёд аст. Бинобар ин дар дохили ядрои мобайнӣ мувозинати термодинамикӣ барқарор мегардад.
Реаксияҳои ядроӣ бо буриши кӯндалангии эффективӣ 9 =■ тавсиф мешавад, дар ин ҷо IV шумораи табдидоти ядроӣ дар воҳиди вақт, 1 сели зарраҳои афтон, п зичии ядроҳои нишон аст. о бо бари чен карда мешавад. о ба навъи зарраи афтон ва энергияи он, ядрои нишон, кунҷи баромади маҳсули реаксия ва ориентасияи спини онҳо вобаста аст. Азбаски эҳтимолияти коҳиш ба эҳтимолияти тавлиди ядрои мобайнӣ вобастагӣ надорад, буриши эффективии реаксия 9 (а, Ь) бар ҳосили зарби буриши эффективии тавлиди ядрои мобайнии аз ва эҳтимолияти коҳиш т\ь ба хориҷи зарраи Ь баробар аст, яъне: а (а, Ь) « = 90у\ь. Барои ҳисоб кардани аз ва Т)& одатан аз тасаввуроти моделии сохти ядро истифода мебаранд.
Реаксияҳои ядроӣ чун манбаи нейтронҳо, мозонҳо ва дигар зарраҳои ноустувор истифода мешавад. Бо ёрии Реаксияҳои ядроӣ зиёда аз ҳазор нуклиди радиоактивро ҳосил мекунанд, ки дар ҳамаи соҳаҳои илм, техника ва тиб истифода мешавад. Элементҳои моварои уран (трансуравӣ)-ро низ бо ёрии Реаксияҳои ядроӣ ба тарзи сунъӣ ҳосил мекунанд.
Ф. Нормуродов, Я. Шукуров.