ПУЙМАНОВА (Pujmanova) Мария (8. 6. 1893, Прага —19. 5. 1958, ҳамон ҷо), адибаи чех, Нависандаи Халқии Чехословакия (1953). Аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия аз соли 1945. Асарҳояш аз соли 1909 чоп мешаванд. Ҳикояҳои аввалинаш зери таъсири импрессионизм навишта шудаанд. Аввали солҳои 30 пас аз шиносоӣ бо интелигенсияи пешқадам ва Юлиус Фучик пайрави ақоиди марксистӣ гардид. Дар мақолаҳои публитсистии индавраниааш адабиёту санъатп реалистиро тарафдорӣ намудааст. Баъди сафари СССР китоби «Назаре ба мамлакати нав»-ро (1932) офарид. Кнтобн 1-уми асари сегонаи «Одамон дар чорроҳа» (1937) ҳаёти мардуми Чехословакияро пас аз ташкил шудани давлати мустақил инъикос кардааст. Солҳои ҳукмронии фашизм дар Чехословакия Пуйманова ба назм муроҷиат менамояд («Дафтари сурудҳо», 1939; «Рафаэл ва Сателит», 1944). Якчанд маҷмӯаи шеърҳои Пуйманова баъди ҷанг ба табъ расиданд («Шодӣ ва дард», 1945; «Изҳори муҳаббат», 1949; «Миллионҳо кабӯтарон», 1950) ва ғайра. Дар қисми 2-юм ва 3-юми асари сегонааш («Бозӣ бо оташ», 1948; «Зиндагт ба муқобили марг», 1952) муборизаи халқи чех бар зидди фашизм тасвир шудааст. Трилогия ҷиҳатҳои хоси эҷодиёти Пуйманова — омезиши ҷавбаи публитсистӣ ва психологӣ, лирика ва юморро инъикос менамояд. Пуйманова инчунин муаллифи достони «Пани Кюри» (1957), повести «Ҳамшираи шафқат Алена» (1958; тарҷумаи тоҷикӣ 1964), очеркҳо доир ба сафари Ҳиндустон мебошад. Лауреат Мукофоти давлатии Чехословакия (1937, 1948, 1951, 1953, 1955).
Ос.: Сочинения, т. 1—5, М., 1960; Гувочии дил (Ҳикоёт), Д. 1964.
Ад.: Бериштейн И. А.. Творческий путь М. Пуймановой, М., 1961.