ПРОТОКОЛИ ЖЕНЕВА оид ба манъи газҳои буғикунанда, заҳрдор, ё худ аз ҳамин қабил газҳо ва воситаҳои бактериологӣ дар ҷанг (1925), созишномаи асосии байналхалқӣ оид ба манъи ҷанги химиявию бактериологӣ. Давлатҳои иштирокчии Протоколи Женева манъи истифодаи яроқи химиявиро эътироф карда, аҳд намуданд, ки ба ҷанги бактериологӣ низ роҳ намедиҳанд.
То 1 январи 1972 29 давлат Протоколи Женеваро имзо ва ратификатсия намуданд, 36 давлати дигар онро имзо карданд ва ё бе ратификатсия ҳамроҳ шуданд.
СССР Протоколи Женеваро соли 1928 тасдиқ намуда, ҳангоми имзои он ду шарт ба миён гузошт: а) протокол ҳукумати СССР-ро танҳо нисбат ба давлатҳое ӯҳдадор мешуморад, ки онро имзою тасдиқ карда, ба он қатъиян ҳамроҳ шудаанд; б) агар ин ё он давлати душман, қувваҳои мусаллаҳи он, иттифоқчиёни расмӣ ё ғайрирасмии он манъи нуқтаҳои асосии протоколро ба эътибор нагиранд, ҳукумати СССР ҳам дар муносибати худ ба ин гуна давлатҳо протоколро аз эътибор соқит мешуморад. Протоколи Женева бемӯҳлат аст. Давлатҳои ба протокол имзогузошта ӯҳдадор шудаанд, ки давлатҳои дигарро ба ҳамроҳ шудан ба ин протокол ҷалб намоянд.
«ПРОТОН», 1) номи силсилаи радифҳои маснӯи Замини советист, барои тадқиқи фазои кайҳонӣ. Массаи зиёдтарини «Протон» тақрибан 17 т. Солҳои 1965—1968 № 4-то «Протон» cap дода шуд. 2) Ракетаи барандаи бисёрзинаи советист, ки бо сӯзишвории моеӣ кор мекунад. Барои cap додани аппаратҳои кайҳонии «Венера», «Зонд», «Луна», «Марс», «Салют», «Протон» ва ғайра истифода мешавад.